четверг, 8 октября 2020 г.

Фарзанд дар Сурия ангушнамоӣ дар Тоҷикистон

 


Дар ҷануби Тоҷикистон ба хонаводаҳое, ки фарзандонашон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ пайвастаанд, машварати равонӣ медиҳанд, вале онҳо аз муносибати сард ва ангӯшнамоӣ дар ҷомеа суҳбат мекунанд.

Тибқи хабарҳои расмӣ чор соли пеш зиёда аз 500 сокини Хатлон ба ҳизбу ҳаракатҳои манӯъ пайваста, аксарияти онҳо берун аз кишвар ба “Давлати исломӣ” гаравидаанд.

Хонавода ва наздикони ҷавонон мегӯянд, ки бо мақомоти интизомӣ мушкил надоранд, вале муносибати мардум ва бархӯрди онҳо нигаронкунанда ва гоҳо ба низоъ мерасонад.

А.  марди миёнасол аз ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон мегӯяд, ки фарзандаш соли 2015 аз Русия ба Сурия рафта, аз ӯ хабаре нест, аммо суоли мардум, ки фарзандат куҷост ва зиндааст ё мурда ӯро нороҳат мекунад.

А  гуфт вақте, ки ба суоли мардум ва набераҳояш посух надорад нороҳат мешавад:

“Набераҳоям аз ман мепурсанд, ки падарамон каӣ меояд, ман ба онҳо чӣ посух доданро намедонам, падарашон бенишон аст зинда ва мурда будани ӯро намедонам. Манро мақомот даъват мекунад, гоҳо пул надорам, ки равам.“ Мегӯяд ӯ

 Аз хонаводаи  А  натанҳо писар, балки келину духтараш соли 2016 аз Русия ба Сурия рафтаанд.

Н  зани ҷавон, фарзанди А соли 2015 ба Русия ба хонаводаи бародараш рафт, вале онҷо мағзшӯи шуда, роҳаш ба Сурия боз шуд ва дар шаҳри Идлиб бо ҷавони қирғиз издивоҷ карда соҳиби фарзанд шуд.

Ин зани ҷавон мегӯяд, ки баъди бозгашт аз Сурия дар соли 2018 ҳануз ҳолати хубе надорад, чун бархӯрд ва муносибати мардум, хусусан суолҳои зиёд ӯро нороҳат мекунад:     

“Манро зиёд мепурсанд, ки чаро Сурия рафтам ва онҷо чӣ зиндагӣ доштам, вале ман намехоҳам, ки дар ин мавзӯ аз ман пурсанд, асабӣ мешавам ва хушам намеояд. Фикр мекунам, ки манро нағз намебинад. Бе ин ҳам писарам, ки гоҳо падарашро мепурсад худам нороҳат мешавам. Шавҳарам дар Қирғизистон зиндонӣ шудааст, ҳолати равониям хуб нест.“ Гуфт Н

Ин хонавода низ дар яке аз  деҳаҳои ноҳия зиндагӣ мекунад,   даромади сокинон кишоварзӣ ва муҳоҷират аст. Ба назар мерасад, ки мардум зиндагии ором дорад, мақомоти интизомӣ баъзе хонаводаҳоро дар зарабин қарор додааст.

Аз ин ҷамоат 46 нафар, ки миёнашон занону кӯдакон ҳастанд ба “Давлати исломӣ”пайваста, хонаводаи онҳо ба суоли мардум ва мақомот, ки чаро фарзандонашон ифротӣ шудаанд посух надоранд, аммо мегӯянд, ки зарбаи сахти равониро эҳсос мекунад.

Мирзосафар Сабуров, масъули бахши дин дар ноҳияи Қубодиён гуфт, ки 76 нафар сокини ноҳия аз шаҳрҳои Русия ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ пайвастаанд.

Таҳлилгарону коршиносон мегӯянд, ки бо хонаводаи нафароне, ки ба Сурия рафтаанд ё дар зиндонҳо қарор доранд, бояд дар мулоқот ва суҳбатҳо эҳтиёткор бошанд. Лола Олимова, коршиноси масоили ифротгароӣ мегӯяд, ки гоҳо муносибати нодурусти атрофиён сарчашмаи низоъ мешавад. Ӯ пешниҳод дорад, ки бояд ҳолати равонии хонаводаҳоро ба назар бигиранд:   

“Ба фикри ман муносибати афтрофиён сарчашмаи дигари низоъ шуда метавонад, ин метавонад сабаби зиёдтар ифротгаро шудани аъзоёни ин гуна оилаҳо шавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз сабабҳои пайвастан ба гурӯҳои террористии ҷавонон қаҳру ғазаб аст. Беҳтар мешуд, ки атрофиён чунин оилаҳоро дастгирӣ мекарданд, онҳо ниёз ба ёрии равоншиносон доранд. Дар давлатҳои ҳамсояи мо барномаҳои махсусе ҳастанд, ки барои паст шудани сатҳи ифротграроӣ кор мекунад. Гурӯҳои мутахассисон кор мекунанд, ки дар миёни онҳо равоншиносон ҳастанд. Дар Тоҷикистон бояд ҳамин коро кунанд, ҳукумат бояд барои кам шудани омори ифротгаро аҳамияти ҷиддӣ диҳад, танҳо ба таҳдиду фишор ва ҷазо додан инро аз байн бурда намешавад.” Гуфт Лола Олимова

Таҳлилгарон дар Хатлон мегӯянд, ки даъват шудани волидайне, ки фарзандонашон баъди пайвастан ба ДИИШ бенишон шудаанд ба ҳолати равонии онҳо таъсири манфӣ дорад ва бо гузашти солҳо наметавонад доғи фарзанди бенишонашонро фаромуш созанд.

Ҳолатҳое буд, ки ҷавононе баъди пайвастан ба ДИИШ барои хонаводаи худ дарди сар сохтаанд.

С  занест  аз ноҳияи Кушониён ба сули намояндаи мақомоти интизомӣ, ки каӣ ва чӣ гуна бародару келинаш ба Сурия рафтааст посух медод ва зуд-зуд дар навори телевизион зоҳир мешуд, ки боиси талоқ гирифтанаш шуд. Ин зан ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки сабаби талоқ гирифтан аз шавҳараш ҳамин буд, ки ба мақомот даъват мешуд ва бо хабарнигорон мусоҳиба медод.

Аммо мақомот мегӯяд, ки дар гурӯҳои махсусе, ки бо ин хонаводаҳо кор мекунанд, равоншиносон ҳастанд, ки бо онҳо кор мекунанд.

Тоҷиниссо Шарипова, масъули бахши идеалогияи ҳукумати ноҳияи Қубодиён, як ноҳияи осебпазир аз лиҳози гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ аст гуфт, ки онҳо ҳолати равонии хонаводаҳоро ба инобат гирифта, равоншиносонро низ бо худ даъват мекунанд.

Тибқи гузоришҳои расмӣ шумораи онҳое, ки аз Тоҷикистон ба ДИИШ пайвастаанд 1899 нафар будааст, ки гуфта мешавад дар миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд.

Мақомоти тоҷик як соли пеш 84 кӯдакро, ки аксарияташон онҷо ба дунё омада, модаронашон дар Ироқ зиндонӣ шудаанд, ба ватан овардаанд.

Амонҷон Муҳиддинов

Комментариев нет:

Отправить комментарий