пятница, 2 ноября 2018 г.

Аз кишоварзӣ то мурофиаи додгоҳӣ. Мушкили кишоварзон дар Хатлон.

Саргардонии кишорвазон, ки бехабар ҳастанд, ки заминашон ба дигар кас дода шудааст. Ин ҳолатест, ки беҳуқуқии кишоварзон ва зери по шудани қонунро дар миёни мардум нишон медиҳад, ки аз бемасъулиятӣ ва ноуҳдабароии баъъзе роҳбарони сатҳи поёни дар навоҳи нишон медиҳад.  

Суҳбати Раҳматулло Бобомуродов, коршиноси соҳаи кишоварзӣ дар Хатлонро инҷо тамошо кунед.

Ин дар ҳолест, ки дар борҳо гуфта шудааст, ки бояд шароити хуб ба деҳқонон дода шавад, ки барои таъмини бозор саҳм гузоранд.

Афроде, ки дар кишоварзӣ мушкил доранд мегӯянд, ки зиёд талош мекунад, ки аксар вақт талошҳои онҳо бенатиҷа мемонад.
 
Гулчеҳра Чориева, роҳбари хоҷагии деҳқонии собиқ “Зулола”дар ҷамоати Обшорони ноҳияи Шаҳритус мегӯяд соли 2010 хоҷагии деҳқониашро ташкил кардабуд. 

Самти фаъолияташ боғу токпарварӣ мебошад. Ӯ мегӯяд замине, ки алафу қамишзор ва чарогрҳи чорпоён буд ба замини коррам табдил дод. Давоми ин солҳо кори хоҷагии деҳқониаш рӯ ба беҳбудӣ овард, вале ногаҳон шахсоне пайдо шуд, ки ба таври зуроварӣ заминашро аз дасташ кашида гирифтанд:“Дар асоси қонунҳои амалкунандаи замини хоҷагии деҳқониам бо шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодабарӣ таъмин мебошад. Вале ногаҳон шахсоне пайдо шуд, ки маро намемонан ба заминам наздик шавам. Онҳо мегӯянд ин замин кайҳо аз мо шудааст.”
Ӯ мегӯяд ҳануз қарори заминаш бекор нашудааст, вале ба таври зуроварӣ аз болои қарори ӯ Кӯмитаи замини ноҳия худсарона иловагӣ қарор ва санад тартиб додааст. Ҳангоми муроҷиат кардан ба Кӯмитаи замин масъулин гуфтанд дигар дар ин маврид ҳарфе назанед. Илова бар ин пули андозу обро пардохт мекунад. Ҳоло он ки заминро на Гулчеҳра, балки  шахсони дигар истифода бурдаистодааст.
Дар расм Гулчеҳра Чориева
Гулчеҳра Чориева, мегӯяд баҳри ҳали праблемаи ҷойдошта ба ҳуқуқшиносон ва адвакатҳо муроҷиат кардааст, ки то куҷо ҳуқуқи истифодабарии замин қатъ нагардидаасту, вале дубора ба номи шахси дигар гузаронида мешавад. Ҳуқуқшиносон ба ӯ гуфтан тибқи қонун як замин дар номи ду шахс вогузор кардан мумкин нест,  қонун инро иҷозат намедиҳад. Ҳоло он ки ҳуқуқи истифодабариаш қатъ нагардидааст. Амали кардаи Кумитаи замин ва шахсоне, ки ба таври зуроварӣ ин коро анҷом доданд, ғайри қонунӣ мебошад. Ҳуқуқшиносон гуфтанд дар асоси қонунҳои амалкунандаи замин метавон ба додгоҳ муроҷиат кард ва бояд замин ба соҳибаш баргардонида шавад. Мусоҳиби мо баҳри ба даст овардани заминаш талош кард, вале натавонист онро дубора соҳиб шавад. Баъдан маҷбур шуд бо хоҳиши худ аз замин даст кашид ва аз нав хоҷагии деҳқонӣ ташкил кард: “Ман мушкили чунин праблемаҳоро дар зуд-зуд иваз шудани раисони Кӯмитаи замин мебинам. .  Намедонем кадом раис чунин амали ғайриқонуниро анҷом медиҳад. Ба кадом раис муроҷиат кунем намедонем.”
Мастура Бустонова, сокини 45-солаи ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Вахш мегӯд беш аз 1 сол аст, ки барои гирифтани саҳми заминаш ба Кӯмитаи замини ноҳия муроҷиат мекунад. Ин зан мегӯяд аз солҳои 82-83 дар заминҳои ҷамоат кор кардааст, бояд соҳиби саҳм бошад, вале саҳмаш дар куҷост ва дар дасти кист намедонад. Вале ӯ мегӯяд масъулони кӯмитаи замин дар куҷо будани саҳми заминашро ба ӯ гӯянд.
 “Дар хоҷагии деҳқонии “Махмаюсуф”кор мекардем, саҳми заминам дар ҳамин хоҷагии деҳқонӣ буд. Ин хоҷагии деҳқонӣ кайҳо фаъолияташро қатъ кард, лекин бояд саҳми мо бошад.” Гуфт Мастура Бустонова
Ба иддаои ин зан борҳо ба мақомоти дахлдор баҳри ҳали мушкилиаш ариза навиштаас, вале ҳеҷ суде набаромадааст. Ҳангоми дуруст кардани ҳуҷҷатҳо чандин маротиба 30-40 сомонӣ дар бонкҳо пул супоридаанд, барзами ин роҳкиро кардаанд. “Бо бовари гуфта метавонем, ки соҳиби саҳм ҳастем. Ҳеҷ кас ба додамон намерасад. Ҳуқуқҳои моро поимол мекунанд. Намедонем ба куҷо муроҷиат кунем.”, гуфт ҳамсуҳбати мо.

дар акс Салмон Олимов
Салмон Олимов, намояндаи як созмон дар ноҳияи Шаҳритус мегӯяд бо мардуми оддӣ, хусусан бо заминистифодабарандагон кор мекунаду онҳоро аз ҳуқуқҳояшон огоҳ месозад. Ӯ мегӯяд зиндагии мардуми ноҳияҳо бештар аз ҳисоби заминҳои кишоварзӣ мебошад. Вале ахиран бо праблемаҳои гирифтани саҳми замин, шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодабарии замин, надоштани дафтарчаи меҳнатӣ ва амсоли ин гирифтор ҳастанд, ки роҳи ҳали чунин праблемаҳоро меҷуянд
Салмон Олимов мегӯяд даҳҳо сокинони ноҳия барои гирифтани саҳми заминашон саргардонанд. Бештари онҳо медонанд, ки дар кадом хоҷагии деҳқонӣ ҳамчун саҳмдор фаъолият мекунанд, вале роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ бо найрангҳои худ аз бесаводии онҳо суистифода бурда, ҳаққи заминашонро намедиҳанд.
“Имрӯз миёни аксар раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ қонун вуҷуд надорад. Аз доираи қонун берун амал мекунанд. Масалан раисони хоҷагиҳои деҳқоние ҳастанд, ки худсарона заминро ба фонди ноҳия гузаронида, бозпас мегирад. Дар ин ҳолат саҳмдоронро аз хоҷагии деҳқониаш берун бароварда, ҳамсару фарзандонашро рӯйхат мекунад, ки ин амалашон аз доираи қонун берун аст. Вақте саҳмдорон талаби гирифтани ҳаққи замин мекунанд, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мегӯянд заминро дар фонди ҳукумат гузарониданд. Куҷое, ки муроҷиат мекунед кардан гиред. Аён аст, ки чунин амалҳо бе масъулони Кӯмитаи замин анҷом намеёбад.” Гуфт Салмон Олимов:
Раҳматулло Бобомуродов, коршиноси соҳаи кишоварзӣ дар Хатлон аз ноогоҳи ҳуқуқу манфиатҳои деҳқонону кишоварзон нигарони карда мегӯяд онҳо бештар ба омӯзиш ниёз доранд. Ҳолатҳои ба додгоҳ кашидани онҳо барои гирифтани саҳми заминашон мушоҳида мешавад. Ӯ гуфт баҷои тул додани кори деҳқонону кишоварзон хуб мешуд онҳоро ба соҳаи кишоварзи дилгарм кард, то заминҳои бекорхобида ба гардиш дароварда шавад. Ба ин минвол метавон маҳсулоти кишоварзии бозорро ғанӣ гардониду сатҳи зиндагии мардумро боло бардошт.
Бояд зикр кард, ки то омода шудани мақола кори мусоҳибони мо ҳал нашуда буданд ва саргардониҳояшон идома дошт. Агарчи баъзе мақомотҳои дахлдоре, ки ба соҳаи кишоварӣ рабт доранду гоҳо чунин праблемаҳои зикршударо инкор мекунанд, вале дар ин самт ҳуқуқшиносон ҳастанд, ки аз заминистифодабарандагон ҳимоя мекунанд.
Баротбой Қаюмов, роҳбари маркази мастгирии ҳуқуқии лоиҳа оид ба рушди бозори ҳуқуқи истифодабарии замин дар доираи ташаббусӣ “Озуқаворӣ ба хотири оянда” дар ноҳияи Ҷайҳун мегӯяд, саргардониҳои сокинон баҳри ба даст овардани ҳаққи заминашон зиёд ба чашм мерасад. Тавре, ки ироа кард дар давоми соли равон ба 960 сокин, хусусан кишоварзон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ додааст: “Дар ин давра 6 баҳсҳои судӣ доштем ва манфиати деҳқононро дар суди иқтисодии вилояти Хатлон ҳимоя намудем. Ин ҳама парвандаҳо ба хотири гирифтани саҳм буд. Мо кушиш кардем ҳамаи даъвоҳоро ба фоидаи деҳқонон ҳал кунем. Танҳо як парвандаамон ба Суди Олӣ рафт. Ҳоло чанд парвандаи дигар дар баррасии Суди иқтисодии вилоят қарор дорад.”
Носирхон Сафарзода, судияи Суди иқтисодии вилояти Хатлон аз камсаводии деҳқонону кишоварзон нигарони карда, мегӯяд бештари муроҷиати шаҳрвандон оид ба гирифтани саҳми замин ғайри қонунӣ пешниҳод мешавад.
дар акс Носирхон Сафарзода
Худсарона гузаронидани маҷлиси умумӣ ва ба фонди махсуси ноҳия дохил кардани замини хоҷагии деҳқонӣ, инчунин дубора номнавис карданӣ аъзоёни хонаводаи худ ҳамчун саҳмдор деҳқонони қаблиро саргардон карда, онҳоро то ба пушти дари додгоҳ оварда мерасонад.
”Дар рафти ошно шудан ба парвандаҳои муроҷиатгарон аён мегардад, ки пратаколҳои тартибдодашудаи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ беасос мебошанд ва аз тарафи Судияҳо чораҷӯи карда, дар асоси қонунҳои амалкунанда  ҳақро ба ҳақдор мерасонем. Муроҷиати ҳамингуна праблемаҳо зиёд мебошад, хусусан аз ноҳияи Вахш.Талаботи Моддаи 11-и Қонун дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ- фермерӣ-ро кишоварзон риоя намекунанд.”
Ӯ мегӯяд дар соли равон беш аз 5 парвандаи вобаста ба гирифтани саҳми заминро баррасӣ кардааст, ки ба манфиати деҳқонон мебошад. Ин парвандаҳо мавриди шикояти косотсионӣ қарор гирифт ва аз тарафи Суди олӣ бетағир боқи мондаанд. Ҳоло чанд парвандаи дигар низ мавриди баррасӣ қарор дорад. Ҳамзамон ҳамсуҳбати мо омори дақиқи парвандаҳои барасишуда дар додгоҳи вилояти Хатлонро, ки дар салоҳияти онҳо нест зикр накард ва ҳамчунин ин омор дар додгоҳи иқтисодии вилоят ба дасти мо нарасид.
 Дар ҳоле, ки даромади аслии мардуми деҳот ба замин вобастагӣ дорад бояд барои ҳали мушкили онҳо талоше анҷом дода шавад, ки идора ба идора нагарданд, вале ин мушкил танҳо дар як ё ду ноҳия нест, дар аксар навоҳӣ, ки онҷо кишоварзон ҳастанд мушкил дида мешавад. Вилояти Хатлон дар Шӯравии собиқ таъминкунанда асосии бозорҳои кишвар ба маҳсулоти кишоварзӣ буд ва ҳоло низ ҳаст, вале бо ин вуҷуд деҳқонону кишоварзон мегӯянд, ки дар фаъолияти кории худ ба мушкил мувоҷеҳ мешаванд.
Гузориши Амонҷон Муҳидинов