суббота, 10 октября 2020 г.

Баъди ҳалномаи додгоҳ, маскун мушкили дигари занон


Гулбону, номи шартии як зани ҷавон ва модари се фарзанди ноболиғ аст, ки баъди ҳалномаи додгоҳ дар хонаи собиқ шавҳараш маскун шудааст.

Ин зан сокини ноҳияи Вахш буда, чор моҳи пеш дубора ба хонаи шавҳараш ноҳияи Кушониён омад, ӯро додгоҳ маскун кардааст. Бо умеди он будам, ки маскун кардан ва соҳиби сарпаноҳ шудан, мушкил кам мешавад, гуфт ҳамсуҳабати мо:

“Муносибати хонаводаи собиқ шавҳарам баъди маскун шудан хуб нашуд, баракс даъво ва бадбинияшон зиёд шуд, ҳато барои одитарин рӯзгори хона ҷанг мекунад. Дигар ҷои рафт надоштам, маҷбур будам, ки инҷо маскун шавам.”

Маскун ё дар хонаи шавҳари собиқ ҷойи додан барои заноне, ки ҳамроҳи худ кӯдаки ноболиғ доранд, бо ҳалномаи додгоҳ сурат мегирад, зан ҳақ дорад то балоғат расидани фарзандаш зиндагӣ кунад.

Додгоҳ як ҳуҷраро барои зани талоқгирифта ва фарзандони ӯ ҷудо мекунад, вале ташнобу ҳамом ва дигар таҷҳизоти рӯзгор умуми мемонад, ин шеваи зиндагӣ барои заноне, ки талоқ гирфитаанд кори осон нест.

Ғунчагул, номи шартии сокини шаҳри Левакант гуфт, ки зиёда аз як моҳ ба додгоҳ муроҷиат кард, ки ӯ ва фарзандашро маскун кунад, вале чун дигарбора ба хонаи шавҳар баргашт зиндагӣ сангинтар шуд:

“Манро аз ҳиси бадбинӣ аз хона пеш карданд, шавҳарам талоқам дод ва бо ҳалномаи додгоҳ аз ҳам ҷудо шудем, вале ман дигар сарпаноҳе наёфтам, хостам маскун шавам. Ҳоло як ҳуҷраро барои ман додаанд, вале ҳамому ташноби ҳамон хона истифода мекунам, хело сахт аст, ҳар рӯз ҷангу моҷаро аст.”

Заноне, ки талоқ гирифта, ҳалномаи талоқи расмиро дар ихтиёр доранд зиндагӣ бо фарзанди ноболиғ дар хонаи падар барояшон осон нест, барои пайдо кардани сарпаноҳе ба додгоҳ муроҷиат мекунанд.

Садҳо зани ҷавон баъди талоқ гирифтан мехоҳанд соҳиби сарпаноҳ шаванд. Танҳо ба як нафар судияи суди ноҳияи Ёвон дар шаш моҳ 12 нафар зан муроҷиат карда, бар асоси қонуни амалкунанда дар хонаҳои собиқ шавҳарашон маскун шудаанд.

Манучеҳр Мирзозода 

Манучеҳр Мирзозода, судияи Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон гуфт: “Парвандаи оилаҳои талоқшударо барасӣ намудааст мегӯяд, ки маскун шудани занҳо дар хонаҳои собиқ шавҳар гоҳо мушкили онҳоро бештар мегардонад.”  

Манучеҳр Мирзозода, гуфт, ки баъди маскун шудан мушкили мухталифе ба миён меояд:

“Таҷриба нишон дод, ки гоҳо келинҳо аз суи аъзоёни хонаводаи собиқ шавҳар зери фишору таҳдидҳо қарор мегиранд. Дар ин сурат онҳо боз ба суд муроҷиат мекунанд, ба нозирони минтақавӣ вогузор мекунем. Гоҳо занон ба хотири халалдор кардани оилаи шавҳарашон мехоҳанд маскун шаванд.”

Гулсара Абдуҷаборова, корманди иҷтимоии Лоиҳаи пешгирии зуроварӣ ва хушунати хонаводагӣ дар водии Вахш шоҳиди маскун кардани занон ва паёмади он шудааст.

Гулсара Абдуҷаборова, ки аз ҳуқуқи занон ҳимоят мекунад, гуфт маскун кардани занҳо боиси сарзании хушунату зуроварӣ дар оила мешавад, мушкили занони талоқгирифтаро дучанд зиёд мекунад:

 “Омили сар задани ҷангу низоъҳо инаст, ки узви хонаводаи собиқ шавҳар маскуншударо намекугузоранд, ки дар ошхона хӯрок пазад, гоҳо қуваи барқро хомуш мекунанд ва таънаю маломат мекунанд. Вақте дубора ба суд муроҷиат мекунад, суд мегӯяд, ки корашро анҷом додааст. Кори минбаъдаро бояд нозири минтақавӣ ҳал мекунад. Борҳо нозирони минтақавӣ аз мо хоҳиш мекунанд, ки ягон занро барои маскун шудан кумак накунем.”

 Созмонҳои ҷаъмияти дар Хатлон мегӯяд, ки маскун кардани занон як мушкили заноне ҳаст, ки баъди талоқ гирифтан сар мезанад, баъди ҳалномаи додгоҳ баҳсу хушунати равонии занон сар мезанад. Тибқи маълумоти созмонҳои ҷаъмияти заноне, ки маскун мешаванд шавҳарони собиқ қасдан ба онҳо алимент ё кумакпулии додгоҳро пардохт намекунанд.

Тибқи маълумоти расмӣ омори заноне, ки дар шаш моҳ вобаста ба маскун муроҷиат кардаанд зиёд будааст, ки 404 парванда аз сӯи додгоҳо барасси шудааст, ба 221 нафар ҳалномаи қонеъкунанда дода шудааст. Ин оморест, ки парвандаҳои соли 2019 низ шомил шудаанд. Дар ин миён парвандаҳое будаанд, ки дар баррасӣ қарор доштаанд, вале 14 парванда рад шудааст.

Маскун кардани зане, ки расман ва бар асоси никоҳи исломӣ талоқ гирфитааст, дар ҷомеаи суннатӣ зиндагӣ дар хонаи шавҳар корӣ осоне нест, бар асоси шариати ислом зане, ки талоқ гирифтааст набояд шавҳари собиқашро бубинад, ҳамин ақида бештар вақт боиси он мешавад, ки келини собиқро бояд дар хона роҳ надиҳанд.

Дар ҳамин ҳол таҳлилгарону коршиносон аз маскун кардани занон дар хонаи собиқ шавҳар танқид мекунад, онҳо бар ин назаранд, ки зиндагии занон баъди талоқ гирифтан сангин мешавад, созмонҳои иҷтимоӣ, идораи кор бо занон ва мақмоти интизомӣ мушкили занонро баъди маскун кардан низ тасдиқ мекунад.

Амонҷон Муҳиддинов

 

 

 

 

 

 

 

Комментариев нет:

Отправить комментарий